Санаи 2-юми март дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар заминаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Анҷумани 15-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё баргузор гардид. Дар кори Анҷуман роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфуз аз давлатҳои АвруОсиё ширкат доранд. Дар Анҷуман аз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, хусусан намояндагони ДМТ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок менамоянд.
Дар қисмати аввали Анҷуман қабули аъзоҳои нав ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё сурат гирифт. Зумрае аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва истифодаи таҷрибаи пешқадам ба Ассотсиатсияи мазкур шомил гардиданд.
Дар ифтитоҳи Анҷуман ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба самтҳои гуногуни илмию таълимӣ ва саҳми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳҳои ҳамкор суханронӣ намуд. Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ рушд бахши ҳамкориҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти илму истеҳсолот ва навоварӣ, ба роҳ мондани низоми таълими 2+2, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, ташкили ҳамоишҳои эҷодӣ – таҳқиқотӣ миёни ҷавонон, омода намудани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар низоми аспирантураву магистратура дар шакли 1+1 талаботи замони муосир мебошад.
Дар қисмати дуюми Анҷумани 15-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё дастовардҳои Донишгоҳи миллӣ дар самти таълим, илм, тарбия, муносибатҳои байналхалқӣ, ташкили кор, усулҳои идоракунӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ муаррифӣ гардида, донишгоҳ ҳамчун муассисаи пешсаф муаррифӣ гардид. Дар натиҷаи овоздиҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайси ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд.
Зимни баргузории Анҷумани мазкур дар самти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи аъзои Ассотсиатсия ёддоштҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Садовничий Витор Антонович вохӯрӣ намуда, дар робита ба самтҳои мухталиф табодули афкор намуданд. Дар зимн миёни ДМТ ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов бо мақсади рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зимнан гуфта шуд, ки имрӯзҳо ДМТ бо 326 муассисаҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотии хориҷи кишвар равобити мутақобилан судманд дорад.
Имрӯз (03.03.2023) дар доираи баргузории Анҷумани мазкур дар пояи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Форуми Донишгоҳи шабакаи АвруОсиё ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки Форум дар бахшҳои гуногун доир мегардад.Ҳайати бисёрҳазорнафараи ДМТ бо фараҳмандӣ аз ин хабар устоди муҳтарам профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро барои интихоб шуданашон ба ҳайси ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё табрику таҳният мегӯянд.