АЗ ИШТИРОКИ ФАЪОЛ ТО ҚАДРДОНӢ

508

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ Моҳвораи ҷавонон эълон ва чорабиниҳои гуногунсатҳ дар ин самт гузаронида шуд. Ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи сохтори фаъоли ин чорабиниҳо буданд.

Имрӯз дар чорабинии ҷамъбастии Моҳвораи ҷавонон масъулин ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур дастовардҳои гуногуни донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд.

Дар зимн донишгоҳ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои фаъолияти назаррас дар баргузории чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон бо Сипосномаи кумита қадрдонӣ шуд.