АЗ КОРҲОИ ИЛМӢ ТО АТТЕСТАТСИЯИ АСПИРАНТОН

736

Дар асоси «Оиннома»-и Донишгоҳи миллӣ ҳамасола дар факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аттестатсияи умумидонишгоҳии аспирантону унвонҷӯён ба роҳ монда мешавад. Дар робита ба ин, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз 07.11.2019 то 22.11.2019 ҷаласаҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷаласаҳое, ки то санаи 19-уми ноябр доир гардид,  муовини ректори ДМТ оид ба илм С.Сафармамадов, мудири шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Манонов К. ва садорату мудирияти факултету кафедраҳо иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории аттестатсияи навбатӣ ошноӣ ба вазъи тадқиқу пажӯҳиши муҳаққиқони ҷавон муаррифӣ шуд. Натиҷаи аттестатсия дар чанде аз факултетҳо камбудиҳои зиёдеро дар фаъолияти аспирантон, унвонҷӯён, аз қабили робитаи пурсамар надоштани роҳбарон бо аспирантон, мувофиқ наомадани мавзӯъҳо ба шӯроҳои дифоъ, дар муҳлати муайяншуда ба итмом нарасонидани корҳои илмӣ ва ѓайраро ошкор намуд.

Дар ҷаласаҳо таъкид гардид, ки аспирантону унвонҷӯён бо назардошти ҳамаи имтиёзҳое, ки барои онҳо фароҳам шудааст, бояд дар муҳлати муқарраршуда корҳои илмиашонро анҷом диҳанд ва мавзӯъҳоеро матраҳ намоянд, ки бо назардошти воқеияти Тоҷикистон ва ниёзмандиҳои ин давлати рӯ ба тараққӣ бошанд.

Санаи 19.11.2019 чунин ҷаласа дар факултети иқтисод ва идора доир гардид. Дар ҷаласа муовини ректори ДМТ оид ба илм С.Сафармамадов афзуд, ки «Ин ҳама сахтгириҳо дар ҳолест, ки донишгоҳ барои фаъолияти аспирантон тамоми имкониятҳоро, аз қабили роҳхарҷӣ барои сафарҳои хизматӣ ба хориҷи кишвар ва стипендия фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, ҷараёни корҳои илмӣ бояд ҷоннок карда шавад».