Тавре иттилоъ дода будем, санаи 15-16 сентябри соли 2022 дар доираи ҳамкориҳои судманд дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Институти шабакавии байналмилалӣ Намоишгоҳ оид ба «Таҳсил ва касб дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблғгузории терроризм» баргузор гардид, ки фарогири самтҳои зерин буд:
-Намоишгоҳ. Дар намоишгоҳ зиёда аз 20 донишгоҳ аз дохили кишвар ва давлатҳои ИДМ иштирок ва дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд;
-Мизи гирд. Дар мизи гирд 5 мақомот ва 11 донишгоҳҳо аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва баромад намуданд;
-Семинарҳои илмӣ-таълимӣ. Дар семинар намояндагони 11 донишгоҳҳо бо устодону донишҷӯён ва магистрантон маърӯза ва баҳсҳои илмӣ баргузор намуданд;
-Мастер-клас барои устодону донишҷӯён. Мастер клас барои устодону донишҷӯён аз ҷониби 9 донишгоҳҳои Федератсияи Россия;
-Бозиҳои таълимии касбӣ барои донишҷӯёну магистрантон. Бозиҳои таълимии касбӣ барои 100 нафар донишҷӯёну магистрантон гузаронида шуда, ғолибон ба дипломҳо сарфароз гардонида шуданд;
-Бастани шартномаҳои ҳамкорӣ байни Муассисаҳои олии таълимӣ ва мактабҳои миёнаи умумии муассисаҳои узви Институтҳои шабакавии байналмиллалӣ
– Донишгоҳҳои давлатҳои ИДМ ва БРИКС зиёда аз 40 донишгоҳ;
Шартномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Маркази байналмиллалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия.
Мақсади гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ки ҳамасола 5-6 маротиба дар байни Институтҳои шабакавии байналмиллалӣ, бо дастгирии молиявии Ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Маркази байналмиллалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия гузаронида мешавад, аз инҳо иборат аст:
– такмил додани донишҳои молиявӣ;
-баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии донишҷӯёну хонандагони мактабҳои олӣ, миёнаи умумӣ ва аҳолӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба маблағгузории тероризми молиявӣ (МШП/ТМ);
-тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ ва мутассисони касбӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба маблағгузории тероризми молиявӣ;
– тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба маблағгузории тероризми молиявӣ;
– таҳияи васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монография, мақолаҳои илмӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба маблағгузории тероризми молиявӣ;
– омода кардани пешниҳодҳо ба мақомотҳои мониторнг ва назорати молиявӣ дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба маблағгузории терроризми молиявӣ (МШП/ТМ);
– гузаронидани олимпиадаву озмунҳои гуногун дар байни донишҷӯёну магистрантон ва ғайра.
Бояд таъкид намуд, ки моҳи майи соли равон даври аввали олимпиада дар самти бехатарии молиявӣ – муқобилият ба пулшӯи терроризми молиявӣ байни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, 4 нафар ғолибон ба даври ниҳоӣ, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Дар чорабинӣ ташкилоту муассисаҳои зерин иштирок ва маърӯза намуданд:
1. Ташкилоти ғайритиҷоратии худмухтори «Маркази байналмиллалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ»-и Федератсияи Россия;
2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
3. Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон;
4. Намояндагии Россотрудничества дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия;
9. Донишкадаи технологияҳои молиявӣ ва бехатарии иқтисодии Федератсияи Россия;
10. Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. Плеханов;
11. Донишгоҳи давлатии ҳавзаи Уқёнуси Ороми Федератсияи Россия;
12. Донишгоҳи молияи назди Ҳукмати Федератсияи Россия;
13. Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия;
14. Донишгоҳи менеҷменти саноатӣ, иқтисодӣ ва тиҷорати Федератсияи Россия;
15. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
16. Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон.
Дар охир барои болидаруҳии меҳмонон Ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро дар толори Амфитеатри Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешкаши иштирокдорон гардониданд.