АЗ ПЕШВО БИОМӮЗ ДАРСИ ВАТАНПАРАСТӢ

106

Имрӯз (12.04.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти ин унвон дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо назардошти арзишҳои миллӣ, таълимоти ниёгон, таҷрибаи низоми қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст.

“Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шуд. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ амалӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”- гуфта шуд дар ҳамоиш.

Дар нишаст номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Изатулло, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳ Сатторзода Субҳиддин дар мавзуи “Тарбияи ҷавонон баҳри манфиатҳои миллӣ”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳ Ҳафиз Раҳмон оид ба мавзуи “. Ватан – арзиши волои миллӣ” ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Вализода Саёҳат дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – воситаи асосии рушди давлат ва ҷомеа” суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ҳамоиш намоишномаи театрии ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба М.Воҳидов»-порча аз достони Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ«Муборизаи Исфандиёр бо Рустам” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Тарбияи ватандӯстӣ боиси рушди соҳаҳои алоҳидаи кишвар гардида, дар ҳифзи марзу бум, тамомияти арзии кишвар ва таъмини сулҳу осоиштагӣ нақши асосӣ мегузорад.