Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷаъмбасти сесияи нимсолаи якуми соли хониш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Мудирони кафедраҳо барои беҳтар гаштани сифати таҳсилот нақши қалидӣ доранд ва рушд намудани илму таълим аз онҳо вобастагии зиёд дорад. Назорати дурусти дарсҳо, фаъолияти самараноки омӯзгорон, корбарии самти тестҳо ва технологияи иттилоотӣ, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҷоннок намудани соатҳои тарбиявӣ, истифодаи дурусти синфхонаҳо ва лобараторияҳои замонавӣ ҳамзамон, назорати фаъолияти магистрантону таҳияи китобу барномаҳои таълимӣ бояд аз пештара бештар назорат гардаду қисман таҷдиди назар шаванд” – гуфта шуд дар вохӯрӣ.
Зимнан дар робита ба масъалаҳои гуногуни самти таълим ва беҳтар гардонидани фаъолияти он дар факултетҳо андешаҳои судманд сурат гирифт. Таъкид шуд, ки мудирон усулҳои нави корбариро омӯхта, барои анҷоми нақшаҳои корӣ масъулияти бештар эҳсос намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки вобаста ба таҳия намудани барномаҳои нави стандарти ягонаи таълимӣ, татбиқ намудани барномаи давлатӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ-англисӣ, зарурати таҷдиди назар намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ, инчунин, мутобиқ кардани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ва омодагӣ ба Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг, фаъол будан дар навиштани мақолаҳои илмиву оммавӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҳалли масъалаҳои зикршуда аз ҳар корманд масъулияти баланд ва иҷрои саривақтиро талаб менамояд.