Санаи 23.10.2020 дар хобгоҳи №7-и ДМТ тибқи нақшаи тасдиқшудаи Лоиҳаи “Муҳити бароҳати таълимӣ-калиди бомуваффақияти таҳсилот” миёни донишҷӯдухтарон озмуни “Кани духтарон!” доир гардида, ба иштирокчиён “Шаҳодатнома” дода шуд. Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д., сармутахассиси шуъбаи тарбия М.Саноева, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ Б.Раҳмонов, менеҷери лоиҳа Д.Ғаниев, ассистенти лоиҳа Г.Шоева иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки Лоиҳаи “Муҳити бароҳати таълимӣ – калиди бомуваффақияти таҳсилот” бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 25.10.2019 то 30.10.2020 дар хобгоҳи №7-и донишгоҳ татбиқ гардида, дар заминаи он як қатор чорабиниҳои илмию таълимӣ гузаронида шуд. Курсҳои омӯзишии забони англисӣ, русӣ, хитоӣ, малакаҳои компютерӣ, шоҳмот, тенниси рӯи миз, тренингҳои “Сарфакории буҷаи оила”, “Маърифати оиладорӣ”, “Роҳнамоӣ мекунем, 1-2”, “Шахсият – маркази ҷомеа” ва “Шуғли ман – меҳнат кардан” аз ҷумлаи онҳост. Ёдовар мешавем, ки дар курсҳою тренигҳои омӯзишӣ зиёда аз 200 донишҷӯдухтар иштирок варзида, 120 нафар аз онҳо соҳиби “Шаҳодатнома” гардиданд.
Нигора Худойдодова