Эълон

144

БАХШИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАҲОИ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иттилои омузгорон, муҳақиқон ва муҳассилин мерасонад, ки “Лоиҳаи минтақавии ташкилоти байналмилалии USAID оид ба захираҳои обӣ ва муҳити зист” миёни тадқиқотчиёни ҷавон озмуни грантӣ барои пешбурди тадқиқот дар соҳаи захираҳои обӣ, муҳити зист ва дигар соҳаҳои ба ин алоқаманд, ҳамзамон идоракунии муштараки захираҳои обӣ, эълон кардааст.

САМТИ МАВЗУҲОИ ТАДҚИҚОТӢ:

  • Тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ;
  • Технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ дар идоракунии хоҷагиҳои об ва қишлоқ;
  • Масъалаҳои байнисарҳадӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ.

Маблағи грант барои тадқиқот аз 3000 то 5000 доллари ИМА ташкил медиҳад.

Марҳалаи пешниҳоди дархости грантӣ:

8.11.2022 то 31.01.2023

Барои гирифтани маълумоти бештар ба суроғаи электронии зерин мурофиат намоед. https://leworld.org/tpost/4nrotdbaa1-konkurs-issledovanii-po-vode-dlya-molodi

Барои гирифтани ёрии методӣ метавонед ба Бахши идоракунии лоиҳаҳо ба суроғаи Бинои асосии ДМТ, ошёнаи 3 утоқи кории 63 муроҷиат намоед.

Ҳамзамон ҷиҳати гирифтани ёрии методии дастрас ба Телерамм канали Дархости Kоиҳавӣ/Project Request бо суроғаи электронии https://t.me/project_request_TNU шомил шуда, муроҷиат намоед. Дар Телеграмм канали мазкур ҳамагуна иттилооти саҳеҳ ҷойгир шудааст.