ТАВАҶҶӮҲ! БАХШИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАҲОИ

638

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иттилои омузгорон, муҳақиқон ва муҳассилин мерасонад, ки Академияи ҷаҳонии илмҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд озмуни грантӣ барои ҳамкорӣ дар самти тадқиқот пешниҳод менамояд. Мавзуи асосии барои озмун пешниҳодшаванда бояд мушкилоти асосии солҳои охир, яъне пандемияи КОВИД-19 бояд ҳал намояд.

Мавзуҳои тахминии озмун чунин аст. Аммо Шумо метавонед мавзуҳои ба ҳамин монадро пешниҳод намоед, агар он мазуъ мушкилоти пас аз пандемия бавуҷуд омадаро ҳал намод.

  • Пешгирӣ ва табобати КОВИД-19;
    • Хуруҷи вирусӣ;
    • Бемориҳои зоонотикӣ;
    • Табобати дурударози КОВИД-19;
    • Пешгирии пандемияи оянда.

Маблағи грант аз 50000 то 10000 доллари ИМА ташкил медиҳад.

Муҳлати пешниҳоди дархости грантӣ то 31.01.2023 муқаррар шудааст.

Барои гирифтани маълумоти бештар ба суроғаи электронии зерин мурофиат намоед. https://twas.org/opportunity/isdb-twas-joint-research-technology-transfer-grant-2022-quick-response-research-post.

Барои гирифтани ёрии методӣ метавонед ба Бахши идоракунии лоиҳаҳо ба суроғаи Бинои асосии ДМТ, ошёнаи 3 утоқи кории 63 муроҷиат намоед. Ҳамзамон ҷиҳати гирифтани ёрии методии дастрас ба Телерамм канали Дархости Kоиҳавӣ/Project Request бо суроғаи электронии https://t.me/project_request_TNU шомил шуда, муроҷиат намоед. Дар Телеграмм канали мазкур ҳамагуна иттилооти саҳеҳ ҷойгир шудааст.