БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ МУБОРИЗА БА ҶИНОЯТКОРӢ

387

Таҳти ин унвон дар толори бинои асосии ДМТ вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии донишгоҳ доир гардид. Судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе: Сафозода А.Г., Шарифзода С.Ш., А.Искандарзод ва Кенҷазода О. иштирок ва суханронӣ доштанд.

Зимни вохӯрӣ меҳмонон оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суханронӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд.

Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ сайқал додани донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон мебошад.

Ашуралиева Шахзода