БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ЗЕБОПАРАСТӢ

256

Дар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” ва “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе дар ин замина ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи он дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста шанбегиҳои дастаҷамъонаи донишгоҳӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад имрӯз(16.03.2024) ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли зист кормандони донишгоҳ ба шанбегӣ баромада, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои донишгоҳ, хобгоҳҳои он, инчунин, ҷойи гулзорҳою боғҳои назди донишгоҳро покиза карда, қисматеро кабудизор намуданд.

Дар маъракаи ободонӣ устодону кормандон ва масъулини бахши хоҷагии донишгоҳ иштирок доштанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳисси зебоипарастӣ, нигоҳдории арзишҳои табиӣ, ободу зебо гардонидани атроф ва умуман муҳити зист яке аз хислатҳои неки инсонӣ ва суннатҳои ниёгонамон ба шумор меравад. Ин анъана аз ҷониби мардуми шарифи кишвар пайваста, хусусан дар арафаи ҷашнҳои гуногуни давлатию миллӣ роҳандозӣ мегардад. Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ роҳандози намудани чунин шанбегиҳо дар самти баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии наврасону ҷавонон мсоидат хоҳад кард.