Дар доираи силсилавохӯриҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи донишгоҳ бо мақсади дуруст татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ,” ки аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шудааст, вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ бо бахши муҳосибот сурат гирифт.
Зимнан ректори донишгоҳ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои содда ва осон намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ба кормандони масъули муҳосибот тавсеаҳои судманд доданд.
Қайд гардид, ки пардохти ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки бори дигар миёни устодону донишҷӯён моҳияти пардохти ғайринақдӣ фаҳмонида шавад.
Инчунин, зимни вохӯрӣ вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти муҳосибот, сохторҳое, ки ба ин самт алоқамандӣ доранд ва баланд бардоштани маърифати молиявии кормандону устодон ва донишҷӯён дастурҳои судманд дода шуд.