ИФТИТОҲИ МАҶМААИ МАИШӢ-ХИЗМАТРАСОНИИ “САФОИ ДОНИШҶӮ”

624

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим, инчунин, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу беназири давлату Ҳукумат дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иншоотҳои гуногуни маишӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат имрӯз (02.11.2021) дар назди хобгоҳи №6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои дуошёнаи Маҷмааи маишӣ-хизматрасонии “Сафои донишҷӯ” ба фаъолият оғоз намуд.

 Маҷмааи маишӣ-хизматрасонии “Сафои донишҷӯ” бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қобилҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди истифода қарор дода шуд.

 Лентаи рамзии ифтитоҳи маҷмааи мазкур аз ҷониби донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Ҳайдаров Арастулло ва донишҷӯи курси 2-юми факултети фарматсевтӣ Таҳмина Бобоева бурида шуд.

Маҷмааи маишии мазкур аз кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона ва ҳаммом дорои “Буғхона” иборат буда, барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ иқомат мекунанд, туҳфаи арзанда аст. Нуқтаҳои кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона, ҳаммом бо ҷогирии “Буғхона” ва гӯшаи гиёҳҳои шифобахш, ки маҳсули Парки технологии донишгоҳ аст, дар шароити наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар ифтитоҳи маҷмааи мазкур таъкид шуд, ки дар партави иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон дар донишгоҳ бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

 Ҳамин тавр, дар робита ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи маҷмааи мазкур дар ошхонаи маҷмаа барои донишҷӯёни ятиму маъюб хони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд.

Дар идома меҳмонон, аз ҷумла Имомзода М.С. ва М. Муинӣ зимни суханрониҳои хеш ифтитоҳи чунин як маҷмааи маишӣ- хизматрасониро ба кулли устодону донишҷӯён шодбош гуфта, аз хизматҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба ятимону бепарасторон, дастгириҳои Роҳбари давлат дар самти илму маориф ва шароити маишию хизматрасонии ҷавонон-донишҷӯёни замони истиқлол ёдовар шуданд.