БАРГУЗОРИИ ДАВРИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ДМТ

12

Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири бузурги форсу тоҷик Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин, бо ҳадафи баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии озмун муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. иштирок намуда, доир ба аҳамияти фарҳангӣ ва маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ ва маърифатӣ буда, ба гиромидошти мероси гаронбаҳои адабӣ ва таърихии халқи тоҷик — «Шоҳнома»-и ҷовидонаи Абулқосим Фирдавсӣ равона гардидааст. Ин иқдом на танҳо ҷалби таваҷҷуҳ ба осори классикони адабиёти тоҷик аст, балки қадами устувор дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ миёни аҳли ҷомеа ба шумор меравад.

Қайд гардид, ки ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, ба мутолиаи амиқи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мебошад. Ин ташаббус дар баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ саҳми назаррас мегузорад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври факултетии озмуни мазкур аз 22 декабри соли 2025 то 20 феврали соли 2026 дар ҳамаи факултетҳо ва Литсейи назди Донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин марҳила хонандагон, устодону кормандон, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва докторантон фаъолона иштирок намуданд. Дар маҷмуъ, дар даври факултетӣ зиёда аз 500 нафар иштирок карда, аз миёни онҳо 104 нафар ба даври умумидонишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.

Умед аст, ки ғолибони даври умумидонишгоҳӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун – даври ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ – иштироки фаъол намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.