БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ СЕЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН

8

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбаладии сарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имрӯз саҳифаи нави ҳамкориҳо дар таърихи муносибатҳои дӯстона сабт мегардад.

13-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Маорифи олӣ ва илми Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» оғоз гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳои ифтитоҳӣ таъкид шуд, ки баргузории форуми мазкур дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат хоҳад намуд. Масъалаи ҳолати кунунии ҳамкориҳо, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Узбекистон, масоили марбут ба табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани ҳамоишҳои гуногуни илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ташкили раванди омӯзиши таҷрибаи пешрафта, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз масъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум ба ҳисоб мераванд.

Тибқи барнома нимаи дуюми рӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахши дигари форум баргузор шуд. Дар ифтитоҳи бахш ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, дар робита ба густариш ёфтани ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарони олии ҳарду кишвар – Тоҷикистону Узбекистон суханронӣ намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандони сарони ду кишвари дӯст – Тоҷикистон ва Узбекистон: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рушди илму маориф ба самти афзалиятноки сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст.

Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ равобити муштараки донишгоҳҳо ва марказҳои илмию таълимӣ муҳим мебошад. Ин севумин вохӯрии дастаҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои мамлакатҳои бародар мебошад, ки дар рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба, бисёрҷониба бо муассисаҳои олии касбии кишварҳои дӯст, дар самти таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишварҳо ҷавобгӯ, инчунин, татбиқи чораҳо вобаста ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ замина мегузорад.

Ёдрас мешавем, ки зимни форум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.