БАРГУЗОРИИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

212

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста курсҳои кутоҳмудатро роҳандозӣ менамояд. Дар партави эеълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бо дастгирии ректори донишгоҳ, Хушвахтзода Қ.Х. ва ибтикори директори донишкадаи мазкур Ғаффорзода И. дар  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав аз 10-ум то 26-уми феврали соли ҷорӣ курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи равияи химияву биология ва физикаю математика ба роҳ монда шуд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, муҳтарам Давлатзода С. барои ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос шароити мусоид фароҳам овард. Фирдавс Саидов – мутасаддии курси мазкур иттилоъ  дод, ки дар курсҳои мазкур 25 нафарӣ ҷалб гардида, пас аз анҷоми курси такмили ихтисос соҳиби диплом гардиданд.