БАРРАСИИ ҶАНБАҲОИ ВАТАНДӮСТИИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ДАР КАФЕДРАИ ҲАРБӢ

7

Имрӯз (07.04.2026) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳ дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” таҳти унвони «Ҷанбаҳои ватандӯстии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабии ниёгон миёни донишҷӯён арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ, профессори Донишгоҳ Солеҳов М., мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б.С., мудири кафедраи ҳарбӣ, полковник Қурбонзода Д, инчунин афсарону донишҷӯёни кафедраи мазкур иштирок намуда, роҷеъ ба аҳаммияти асари безаволи “Шоҳнома” ва нақши он дар тарбияи насли ҷавон ибрози андеша намуданд.

Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б.С. оид ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ва аҳаммияти баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии миллӣ суханронӣ намуд. Мавсуф зимни баромади худ ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя намуда, зарурати татбиқи самараноки қонунҳои миллӣ дар ин самтро таъкид кард.

Зимнан иштирокчиён таъкид намуданд, ки муаллифи ин шоҳасар – Абулқосим Фирдавсӣ тавассути офариниши қаҳрамонҳои ватандӯсту далер арзишҳои волои инсонӣ, аз ҷумла садоқат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишварро тарғиб намудааст. Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки қаҳрамонҳои «Шоҳнома», аз қабили Рустам ва Сиёвуш, намунаи олии ҷасорат, садоқат ва ифтихори миллӣ ба шумор рафта, ҷавононро ба ҳимояи Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва устуворӣ дар баробари мушкилот ҳидоят менамояд.

Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки омӯзиши «Шоҳнома» на танҳо ҳамчун асари адабӣ, балки ҳамчун сарчашмаи муҳимми тарбияи маънавию ватандӯстии ҷавонон аҳаммияти бузург дорад. Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Шоҳномахонӣ” дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон нақши муҳим ва муассир мегузоранд.