Имрӯз (08.04.2026) силсилавохӯриҳои маърифатӣ, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳ дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” роҳандозӣ шудааст, бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М., декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ, профессори Донишгоҳ Мақсудзода Б., мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б.С. ва садорати факултетҳои журналистика, физика, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ доир шуд.
Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз гардид. Таъкид намуд, ки баргузории чунин нишастҳо барои такмили донишҳои ҳуқуқию ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, зимни суханронӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, хусусан дар самти эҳё ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи адабӣ ёдоварӣ намуд.
Сипас мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б.С. оид ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ва аҳаммияти баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин, татбиқи қонунгузории миллӣ дар робита ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон суханронӣ кард.
Профессор Мақсудзода Б. доир ба ҷанбаҳои ватандӯстонаи “Шоҳнома” ва ҷойгоҳи он дар адабиёти тоҷик суханронӣ намуда, мутолиаи ин асари безаволи Абулқосим Фирдавсиро барои тарбияи маънавию ватандӯстии насли ҷавон бисёр муҳим арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. таъкид намуд, ки баргузории чунин силсилавохӯриҳои маърифатӣ дар кафедраи ҳарбӣ идома дошта, ба таҳкими худогоҳии миллӣ ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии донишҷӯён мусоидат менамояд.












