БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОНИ КОНФУТСИЙ

168

Имрӯз ба муносибати ҷамъбасти нимсолаи аввали соли хониши 2023-2024 ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва шунавандагону донишҷӯён аз Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети забонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, толибилмон аз Синфхонаи Конфутсийи Гимназияи “Кафолат” иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём дар соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бори дигар пешрафти ин соҳаро яке аз ҳадафҳои муҳимии сиёсати давлатӣ эътироф намуданд. Бо назардошти арҷгузорӣ ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ва татбиқи мақсадноки ҳадафҳои олии давлатӣ дар соҳаи илму маориф моро зарур аст, ки заҳмату талош ва кору пайкори созандаи худро бештар роҳандозӣ намоем.

“Ба ҳамагон маълум аст, ки тули понздаҳ соли фаъолияти худ Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти устувор гардонидани ҳамкориҳои илмию фарҳангии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Чин, ҳамчунин, рушди забони чинӣ нақши босазо гузошта истодааст. Дар соли 2023 Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар сатҳи байналмилалӣ сазовор гардид, ки воқеан аз татбиқи бомароми раванди таълиму тарбия дар ин маркази илмию фарҳангӣ дарак медиҳад.

Дар соли 2023 дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин Донишкадаи Конфутсия” миёни зиёда аз 500 донишкадаҳои Конфутсий бо се видеонавори намоишии худ сазовори Шоҳҷоиза, ҷойи аввал ва ҷойи дуюм гардид. Ҳамзамон, дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо унвони Беҳтарин маркази қабулкунандаи имтиҳони сатҳи муайянкунандаи забони чинӣ (HSK) миёни зиёда аз 500 донишкадаҳои Конфутсии ҷаҳон сазовор гардид.

Ин дастовардҳо аҳли омӯзгорону кормандони Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи миллиро водор бар он менамоянд, ки дар татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳи забономӯзии толибилмон фаъолияти пурсамар анҷом диҳанд”-гуфта шуд дар чорабинӣ.

Бояд таъкид намуд, ки ҳамасола бо ҷамъбасти нимсолаи аввали соли таҳсил омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фаъол бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани завқи забономӯзӣ, истифодаи усулҳои фаъол аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Дар идомаи чорабинӣ роҳбарият ва зумрае аз омӯзгорони донишкада бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва толибилмони донандаи хуби забони чинӣ бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Ҳамзамон, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.