БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОКТОРАНТОНИ Ph.D-И СОЛИ АВВАЛ

202

Имрӯз муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. бо докторантони Ph.D-и соли аввали донишгоҳ вохӯрӣ намуд.

Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур дуруст ба роҳ мондани низоми таълиму тарбияи докторантони Ph.D мебошад. Дар вохӯрӣ масъалаҳои низоми таҳсилот, иҷрои дастур супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ, сари вақт анҷом додани корҳои илмӣ, ҳамзамон, такмил додани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва амсоли ин баррасӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки докторантонро зарур аст, ки бо интизоми намудавӣ дар самти омӯзиши илму таълим талаш варзида, мутахассиси хуби соҳаи хеш гарданд.