
Имрӯз (30.06.2025) дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳимми илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва хоҷагидории Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар ин ҷаласа муҳокима шуд, натиҷаҳои фаъолияти устодон ва кормандони Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2025 буд.
Дар оғози ҷаласа, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С., доир ба фаъолияти сохторҳои марбутаи Донишгоҳ сухани мухтасар ироа намуд. Сипас, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҳисоботи муфассал оид ба фаъолияти худ дар нимсолаи аввали соли равон пешниҳод карданд.

Зимнан изҳор дошта шуд, ки барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нимсолаи аввали соли 2025 (моҳҳои январ-июни соли 2025) хотирмон маҳсуб мешавад, зеро дар ин давра Донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим, илм, тарбия, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ноил гардид. Муҳимтарин рӯйдоди таърихиву фаромӯшнашаванда барои ҳайати омӯзгорону кормандон ва муҳассилини Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки санаи 20-уми июни соли 2025 сурат гирифт ва зимни он Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Шаҳраки донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд.
Рӯйдоди дигар дар давраи ҳисоботӣ ташрифи ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, доктори илмҳои техникӣ, профессор Халмуродов Рустам Иброгимович ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо унвони “Доктори фахрии ДМТ” пазируфтани ӯ мебошад. Инчунин, тасмими дар ҳаҷми 15% зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорону кормандон аз моҳи сентябри соли ҷорӣ, ифтитоҳ гардидани Маркази ҷопоншиносӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ, Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, Маркази омӯзишии забони кореягӣ, утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои нави таълимии кафедраи анатомияи одами факултети тиббӣ, фаъолсозии 12 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр, ғолибият дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷумлаи дастовардҳои давраи ҳисоботӣ мебошанд.
Дар охир таъкид шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ пеш мебарад ва давра ба давра бо дастовардҳои назаррас шарафёб мегардад.
Ёдрас мешавем, ки дар анҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025, инчунин, масъалаҳои мухталифи илмию таълимии Донишгоҳ қарори дахлдор қабул гардид.