Имрӯз (08.01.2026) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба натиҷаи фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. иштирок дошт.
Ҷаласаи васеи Шурои олимон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар зимн ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ба таври мухтасар ҳисобот доданд. Мавсуф натиҷаҳои бадастомадаро дар соли 2025 дар маҷмуъ барои ДМТ хуб арзёбӣ намуд. Изҳор дошт, ки соли 2025 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли хотирмон ба ҳисоб меравад. Таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ пеш мебарад ва давра ба давра бо дастовардҳои назаррас шарафёб мегардад.
Дар робита ба ҳисоботи ректори Донишгоҳ декани факултети журналистика, д.и.ф., профессор Ҳошимзода Б.Ҳ. ва муаллимаи факултети химияи Донишгоҳ, н.и.х., дотсент Давлатшоева Ҷ. мулоҳизаронӣ намуда, ҳисоботи роҳбарияти Донишгоҳро мусбат арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар суханронӣ намуда, доир ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, нашри мақолаҳои илмии бунёдӣ, андешидани тадбирҳо дар самти амалӣ гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Тоҷикистон пешниҳодҳо намуд.
Ректори Донишгоҳ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ тамоми кӯшишу талоши худро баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳ бештар фаъолият хоҳанд кард.
Дар идомаи ҷаласа таъкид гардид, ки раёсати Донишгоҳ ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи илмҳои муосир, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд, тадбирҳои амалӣ андешидааст. Барои ҳавасмандгардонии муҳаққиқон ҷиҳати анҷом додани пажӯҳиш дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Ин нукта аз ҷониби мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б. ироа гардида, аз ҷониби аъзоёни ҷаласаи васеи Шурои олимон пазируфта шуд.
Ёдрас мешавем, ки дар анҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 қарори дахлдор қабул гардид.












