БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАҲОИ УМУМИДОНИШГОҲӢ

443

Имрӯз (22.06.2021) дар толори хурди Донишгоҳи миллӣ дар робита ба фаъолияти кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н. ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., инчунин, устодону кормандони кафедраҳои умумидонишгоҳии фалсафа, забони англисӣ, тарбияи ҷисмонӣ, педагогика, назарияи иқтисодӣ, тайёрии ҳарбӣ, забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ иштирок карданд.

Зимнан мудирони кафедраҳои мазкур дар робита ба фаъолияти илмию таълимии кафедраҳо суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни нишаст таъкид шуд, ки фаъолияти баъзе аз устодону кормандони кафедраҳо ба талаботи имрӯзаи донишгоҳ ҷавобгӯ нест. Яъне навиштани мақолаҳои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ кам ба назар мерасанд.

Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. ҳисоботи мудирони кафедраҳои мазкурро қаноатбахш арзёбӣ намуда, дар робита ба баъзе аз мушкилиҳои ҷойдошта дар кафедраҳо изҳорӣ нигаронӣ намуд. Ҳамзамон, барои беҳтар гардидани фазои илмию таълимӣ ва эҷодии кафедраҳо ба масъулин, хусусан ба мудирони кафедраҳо, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки минбаъд фаъолияти кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷиддӣ назорат карда мешавад.