БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

10

Имрӯз (20.01.2026) дар партави дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ, вохӯрии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода Сафармамад бо ҳайати илмии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами фаъолияти илмию таҳқиқотии факултет, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ, тақвияти робитаи илм ва таълим, инчунин иҷрои нақшаҳои инфиродии фаъолияти илмии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сафармамадзода Сафармамад дар суханронии худ доир ба масъалаи такмили фаъолияти илмию таълимии ҳайати профессорону омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати омода ва ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин баланд бардоштани сифати таҳқиқотҳои илмиро таъкид намуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти илмӣ, ҷоннок сохтани низоми коргузории илмӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии муҳаққиқон ба роҳбарият ва масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.