БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

10

Имрӯз (09.12.2025) дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия – 9-уми декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҳамоиши илмии мазкур ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва Рӯзи байналмилалии мубориза ба коррупсия башида шудааст.

Коррупсия яке аз омилҳои ҷиддии халалдоркунандаи рушди устувор, коҳишдиҳандаи эътимоди ҷамъият ба сохторҳои давлатӣ ва заифкунандаи пояҳои ҳуқуқу адолат мебошад. Муқовимат ба ин зуҳурот танҳо ба қабули санадҳои меъёрӣ ё фаъолияти як ниҳоди алоҳида натиҷаи муассир намедиҳад. Он аз ҳамкории зичи тамоми сохторҳои давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат талаб менамояд.

Зимнан дар ҳамоиш сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Н.С., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Раҳмонзода М.Ҷ. ва дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафа Раҷабов И. маърӯзаҳо намуданд.

Зикр карда шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошту дорад. Дар партави ин сиёсат ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ амалӣ гардида истодааст.

Бо мақсади пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се стратегияи миллии муқовимат бо коррупсияро қабул кардааст, ки дар онҳо чораҳои зарурии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидошта роҷеъ ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

Дар охир таъкид гардид, ки ҷараёни решакан кардани коррупсия ва сабабу омилҳои ба он алоқаманд, пеш аз ҳама, ба ташаккули давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандон ва фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ, инчунин, масъулиятнокӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста аст.