БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ УСЛУБШИНОСӢ ВА МЕДИАЛИНГВИСТИКА

103

Имрӯз (07.05.2024) бо ташаббуси факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Услубшиносӣ ва медиалингвистика: проблема ва дурнамо” баргузор гардид.

Дар кори конференсия меҳмонон аз муассисаҳои илмию таълимии дохил ва хориҷӣ ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Конференсияи илмию амалии “Услубшиносӣ ва медиалингвистика: проблема ва дурнамо” бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, доктори илмҳои филология, профессор Бахтиёр Қутбиддинов оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки услубшиносӣ ва медиалингвистика яке аз мавзуҳои мубрами илмӣ ба шумор меравад ва баррасии масълаҳои марбут ба он дар самти таҳқиқи бештари мавзуи мазкур мусоидат менамояд.

Суханрониҳои корманди Институти такмили ихтисоси шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон А. Шарофитдинова, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино С. Низомова, провессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ М.Ҷӯраева ва дотсенти кафедраи мазкур М.Ҷумъаев дар ифтитоҳи ҳамоиш оид ба самтҳои мухталифи мавзуи нишаст шунидаю баррасӣ шуданд.

Конференсияи илмию амалии “Услубшиносӣ ва медиалингвистика: проблема ва дурнамо” дар се бахш: услубшиносӣ, медиалингвистика ва журналистика идома намуда, беш аз 40 маърӯза мавриди таҳлил қарор гирифтанд.