БАРРАСИИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАИ СММ ДАР ДМТ

411

Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист масъалаи муҳимми ин раванд дониста мешавад. Дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, хусусан, иқдоми ҳимояи пиряхҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои гуногун ҷонибдорӣ гардидаанд. Вобаста ба ин барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои созанда оид ба ҳифзи муҳити зист ва махсусан захираҳои пиряхҳо ҳар як субъекти ин раванд бояд ташаббускорӣ нишон диҳад, то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳадафҳои олии худ расида бошад.

Ин мавзу имрӯз (30.10.2023) зимни вохӯрии роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷамил Аҳмад бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнани вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи меҳмони олиқадро ба донишгоҳ хайрамақдам намуда, зикр намуд, ки яке аз масълаҳои умдаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб кардааст – коҳиши пиряхҳо дар кураи замин мебошад. Қобили зикр аст, ки пиряхҳо манбаи асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин кардани аҳолӣ хизмат менамоянд.

«Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намудаанд, ки дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ ба мақсади устувории экологии танҳо як кишвари алоҳида ноил шудан имконнопазир аст. Дар ҳамин ҳол, барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон корҳои ташаббускор анҷом дода шавад»-гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Сипас роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷамил Аҳмад дар робита ба мавзуи ҳифзи муҳити зист марӯза намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки тағйирёбии иқлим ва бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва оқибатҳои манфии ҳаёти инсон, давоми солҳои охир, метавонад ба обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Дар охир суолу ҷавоб миёни меҳмону донишҷӯён вобаста ба тағйрёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба тағирёбии иқлим дар СММ сурат гирифт.

Ашуралиева Шахзода