БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲИ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

207

Дар асоси нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ имрӯз (18.10.2023) вохӯрии масъулини Донишгоҳ бо донишҷӯёни курси 1-уми факултетҳои механикаю математика ва таърих доир гардид.

Масъулини донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати сарфароз гардидан бо номи пуршарафи донишҷӯ табрик намуда, ҳамзамон дар ин баробар қайд карда шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш таъкид намуданд, ки тайёр намудани мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ, забондону суханвар ва донишманд тақозои замон буда, аз ҷониби давлату Ҳукумат ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. Донишҷӯёнро мебояд, дар давраи таҳсил фаъолияти хуб нишон дода, дар озмуну мусобиқаҳо ширкат варзида, номи факултет ва донишгоҳроро муаррифӣ намоянд.

Зимнан гуфта шуд, ки донишҷӯёнро зарур аст, ки бештар талош намоянд, то дар донишу заковат ва одобу тарбия намуна бошанд.

Зеро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои донишҷӯён тамоми шароити заруриро ҷиҳати ташаккули шахсият ва қобилияти зеҳниву ҷисмонӣ муҳайё намуда, аз донишҷӯён танҳо интизому омӯзиш талаб карда мешавад.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон доир ба масъалаҳои таълиму тарбия, саҳми фаъол дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши мунтазами илмҳои замонавӣ, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлол, дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён, худдорӣ намудан аз истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, иштироки фаъолона дар ҷараёни дарсҳо, худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрам сухан гуфта шуд.