БО ДАСТГИРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИЗОМИ БОНКДОРИИ МИЛЛӢ ТАЪСИС ЁФТ

301

Ташкил ва баргузор намудани маҳфили «Сарварони сиёсӣ» бо иштироки роҳбарони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва боҷалби донишҷӯёни фаъоли факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, муттаҳидии донишҷӯёни фаъол ва таҳсилоти муносиб барои онҳо, дастгирии ташаббуси донишҷӯёни фаъол, мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷавонон, рафъи мушкилоти онҳо дар раванди таҳсил ва мутобиқшавию рушду такомули онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

БО ИН МАҚСАД ИМРӮЗ (03.11.2023) БО ИШТИРОКИ РАИСИ РАЁСАТИ КВД БА ҶТ “АМОНАТБОНК” ИКРОМӢ СИРОҶИДДИН МАҲФИЛИ МАЗКУР ГУЗАРОНИДА ШУД.

РЕКТОРИ ДМТ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. ЗИМНИ СУХАНИ МУҚАДДИМАВИИ ХЕШ АФЗУД, КИ ДАР ВОҚЕЪ, ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲО ВА КОРХОНАВУ СОХТОРҲОИ БАХШИ ХУСУСИВУ ДАВЛАТӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ КАЛИДИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА ҲИСОБ МЕРАВАД. ЗЕРО РОҲАНДОЗИИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД МЕТАВОНАД САТҲУ СИФАТИ ДОНИШҲОИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁНРО ТАҲКИМ БАХШАД.

Гуфта шуд, ки ташкили чунин чорабинӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ муфид арзёбӣ гардида, донишҳои бунёдии онҳоро таҳким мебахшад.

“Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидааст ва фикр мекунам дар оянда низ идома меёбад. Бояд қайд намуд, ки низоми маориф ва таълиму тарбияи насли наврас дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит барои донишандӯзии донишҷӯён фароҳам оварда шудааст, ки метавонад ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар таъсири худро гузорад. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мусоидати доимии Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар пешбурди фаъолияти таълимӣ-илмии Донишгоҳ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти он изҳори сипос менамояд”– гуфта шуд дар маҳфил.

Муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин зимни суханронии хеш дар робита ба самтҳои гуногуни фаъолияти “Амонатбонк” ва масъалаҳои марбут ба донишҳои иқтисодию иҷтимоӣ суханронӣ намуд. Зикр кард, ки таҳкими иқисоди миллӣ, фаъолсозии бозори молия, густариши муносибатҳои беруниқтисодӣ, таъмини рақобати шаффоф, коҳишдиҳии сатҳи таваррум, коҳишдиҳии сатҳи бекорӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ, болобарии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар меҳвари сиёсати иқтисодии давлат қарор дорад. Таҳияи сиёсати муваффақи иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои бунёдӣ тавонистанд, ки рушди иқтисоди миллиро таъмин созанд. Маълум аст, ки яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ин низоми бонкӣ мебошад. Аз ин хотир, масъалаи муҳиме, ки дар меҳвари сиёсати иқтисодии давлат пас аз соҳибистиқлолӣ ҷой гирифта буд ин таҳияи низоми миллии бонкдорӣ ба ҳисоб мерафт. Бо дастгириҳо ва пайгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми бонкдории миллӣ таъсис ёфт ва ҳамчун сармоягузори асосии хоҷагии халқи мамалакат ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар интиҳои маҳфил баъд аз суолу ҷавобҳо ҷонибҳо: ба намояндагони ДМТ ва ба намояндагони Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ифтихорномаҳо супориданд.

Ёдрас мешавем, ки қабл аз баргузории маҳфили мазкур кормандони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ қарор дорад, боздид намуданд.