Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар асоси талаботи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 2 августи соли 2011, № 753), ҳамасола 23 – юми май яке аз ҷашнҳои муҳимми давлатӣ – Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат маҳсуб меёбад, зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон, ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд намуд, ки аксарияти аҳолии мамлакати моро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2021 дар мулоқот бо ҷавонони кишвар иброз доштанд: «Шумо, ҷавонони азиз, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки ҳамаи заҳмат ва кору фаъолияти мо – калонсолон ба хотири муҳайё кардани шароити зарурӣ барои фардои ободу осудаи шумо равона шудааст. Ояндаи давлат ва халқи мо ба шумо тааллуқ дорад ва маҳз шумо ҳамчун табақаи фаъоли ҷомеа умеду орзуи падару модар ва такягоҳи давлату миллат ҳастед».
Бо итминони комил метавон иброз намуд, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва шароити мусоиди фароҳамовардаи давлату ҳукумати мамлакат, ҷавонони саодатманди миллат дар раванди тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ сарбаландона ширкат варзида, ҷиҳати тадбиқи ҳадафҳои калидии кишвар саҳми босазои хешро гузошта, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидаанд. Аз ҷумла, (якум) яке аз дастовардҳои беназир ин таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Дуввум, бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.
Сеюм, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Чорум, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.
Панҷум, бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис ёфт.
Шашум, соли 2017 эълон гардидани «Соли ҷавонон» дастоварди дигари ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми Пешвои миллат нисбати ҷавонон барои ҳавасмандии ҷавонон ҷиҳати иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, ҳамчун қишри созанда ва бунёдкор дар рушду нумӯи ҷомеа мусоидат кард.
Ҳафтум, барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Стипендияи мазкур барои тайёр кардани кадрҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазиранд ва дар натиҷаи омӯзиши илму техникаи муосир дар хориҷа, минбаъд барои пешрафти Ватани азиз саҳми худро мегузоранд.
Ҳаштум, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст. Дар баробари озмуни мазкур, инчунин, соли сеюм аст, ки озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва соли дуюм аст, ки озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ҷараён дошта, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон нақши муассир гузошта истодаанд.
Нуҳум, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи варзиш соли шашум аст, ки ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида мешавад ва то имрӯз 184 нафар варзишгарон сарфароз гардонида шудаанд.
Бо дарназардошти ҳамин далел, мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона сохта, баҳри ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ нақши муассири хешро гузошта бошем.
Давлатзода Комрон Давлат, ёвари муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим