БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

415
Муддатест, ки бо дастури роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ устодону донишҷӯён аз Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ боздид ба амал меоранд. Имрӯз (11.03.2022) бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  Каримова Х. ба донишҷӯён оид ба фаъолияти муаасиса иттилоъ дода, зимнан аз толорҳои хониш, шуъбаи адабиётҳои хориҷӣ, шуъбаи матбуоти даврӣ, шуъбаи хизматрасонӣ барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд, шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ тамошо намуданд. Ҳамзамон, номбурда ҷиҳати анҷом додани корҳои курсӣ ва дипломӣ пешниҳодҳои судманд намуд. Зимни суҳбат гуфта шуд, ки донишҷӯён метавонанд аз имкониятҳои Китобхонаи миллӣ самаранок истифода баранд.