БОЗДИДИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ РАВИЯИ ТАБИИЮ РИЁЗИИ ДОНИШГОҲ АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

131

Имрӯз (22.11.2024) дар доираи таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону толибилмони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.

Омӯзгорону толибилмони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар солҳоии 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд, инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд, шинос гардиданд.

Мавриди зикри хос аст, ки Осорхонаи Пешвои миллат 22 январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.