БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ АЗ МАХЗАНҲОИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ДОНИШГОҲ

345

Имрӯз (06.04.2023) ҳайати кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси дастгоҳи ин ниҳод Саидкабир Абдураҳмонзода аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, боздид ба амал оварданд.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ташрифашон ба донишгоҳ хурумақдам намуд. Зимнан таъкид дошт, ки Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббуси ДМТ ва дастгирии Ҳукумати кишвар соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар Осорхонаи Пешвои миллат нигораҳои давраи таҳсили Пешвои миллат дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд.

Дар аввал, ҳайати кормандони Вазорати нақлиёт бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир он шинос шуданд. Сипас аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуданд. Дар марказ осори Президенти кишвар ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корнамоиҳои Пешвои миллатро инъикос менамояд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Зимни боздид кормандони Вазорати нақлиёт аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, аз маҳбубият ва арҷгузорӣ ба Сарвари давлат ба Раёсати ДМТ изҳори сипос намуданд.