БОЗДИДИ КОРШИНОСОН АЗ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА АВРУПО

23

 Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Бартараф кардани нигарониҳои экологӣ, ниёзҳои ҷомеа ва идоракунии хуб дар бахшҳои маориф ва шуғли Осиёи Марказӣ” (“Bridging Environmental Concerns, Societal Needs, and Good Governance in Central Asian Education and Employment Sectors”) дар пояи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳамгироии принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии босифат: идоракунии хавфҳо” семинари байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст. Имрӯз (08.12.2025) дар доираи ин ҳамоиш коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо ба Донишгоҳ ташриф оварда, аз Осорхонаи Пешвои миллат дар назди Донишгоҳ, Маркази ташхису табобат ва таълимӣ, Маркази русӣ инчунин, Маҷмааи муосири варзишии Донишгоҳ боздид намуданд. Гуфта мешавад, ки дар доираи семинари байналмилалӣ чорабиниҳои гуногуни илмӣ гузаронида мешавад.