БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ОСОРХОНА

514

Дар доираи конференсияи илмию методии «Таҳсили озоди забони русӣ: талаботи замони муосир ва дурнамои рушди он» намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав ба ДМТ ташриф оварда, аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.

Дар нақша аст, ки имрӯз бо иштироки олимону муҳаққиқон ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайнӣ) конференсия дар сатҳи баланд доир мегардад.