БОЗДИДИ САФИРОН АЗ ДМТ

655

Имрӯз (05.06.2021) бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо КВД «Тоҷикдипсервис» боздиди сафирони давлатҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе аз Донишгоҳи миллӣ ба роҳ монда шуд. Дар чорабинӣ намояндагони 16 сафорати давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла сафорати ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Фаронса, Ҳиндустон, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Эрон, ки аз ин 11 сафир бо ҳамсарашон, инчунин, консулҳо, кордори сафорат ва намояндагони ВКХ ҶТ иштирок доштанд.

Намояндагони Донишгоҳи миллӣ, таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонони олиқадрро самимона истиқбол намуданд. Меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва байналмилалии донишгоҳ, аз ҷумла аз биноҳои навсохти факултетҳои иқтисодии донишгоҳ, Маркази инноватсионӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, ки санаи 22.01.2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд, боздид намуданд.

Зимни боздид эҳсос гардид, ки меҳмонон дастовардҳои Донишгоҳи миллиро хуб қабул намуда, бо шарту шароити таълим дар донишгоҳ баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки чорабинии мазкур дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид мегузорад.

Боздид аз Осорхона, ки овони довталабӣ, таҳсил ва хатми Пешвои миллатро фаро мегирад, таваҷҷуҳи меҳмонони олиқадрро бештар ҷалб намуд.

Меҳмонон пас аз боздиди Осорхонаи Пешвои миллат дар Китоби меҳмонони осорхона соядаст гузошта, сипас дар саҳни бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ акси хотиравӣ гирифтанд.