ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НЕРӮИ ТОЗА БАРОИ АҲЛИ ИЛМ

15

Имрӯз (31.08.2026) ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути пахши мустақими телевизионӣ суханронӣ ва мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо намояндагони соҳаи маориф ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дастаҷамъона тамошо намуданд.

Мулоқот ва суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат дар байни профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таассуроти амиқ гузошта, барои аҳли Донишгоҳ ҳамчун сарчашмаи андешаҳои созанда, сабақҳои маънавӣ ва нерӯи тоза барои фаъолияти минбаъда арзёбӣ гардид.

Дар суханронии Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин масъулияти шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аҳли профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, ҷустуҷӯҳои илмӣ, азхудкунии донишҳои муосир ва саҳмгузорӣ дар рушди илму маориф ва пешрафти минбаъдаи кишвар ҳидоят менамоянд.

Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки чунин мулоқоту суханрониҳои пурмуҳтаво барои аҳли илму маориф, бахусус ҷавонон, аҳамияти бузурги маърифатӣ дошта, ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд.

Дар ҳақиқат, суханронии Пешвои миллат барои аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, омӯзгорон ва олимон, ҳамчун дарси бузурги илму маърифат, сулҳу ваҳдат, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагӣ аҳамияти хосса дорад.