Имрӯз (04.02.2025) Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳ боздид намуд. Зимни боздид ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ва намояндагони сохторҳои дахлдори Донишгоҳ аз фаъолияти Институти илмию таҳқиқотӣ сухан намуда, таъкид доштанд, ки Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллӣ дар зарфи беш аз 20 соли фаъолияти худ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Он яке аз марказҳои асосии пажуҳиш ва таҳқиқот дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар пояи Институт як қатор мактабҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои физика, математика, химия, биология, геология, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва иқтисодӣ амал мекунанд ва ин мактабҳо аз ҷониби олимони кишварҳои дохил ва хориҷи кишвар эътироф гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳҳои Институт дорои дастгоҳҳои наву замонавӣ барои самтҳои илми химияву биотехнология, аз қабили «Электроспиннинги як насоса», «Спитеринг» «Инфиҷори электрикӣ» ва «Спектрофотометри нури дугона» мебошад, ки дар самти татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 – 2040 ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ мусоидат менамояд.