Чорабиниҳо

ҲАМКОРӢ БО ПАДАРУ МОДАРИ ДОНИШҶӮЁН ОМИЛИ АСОСИИ УСТУВОР ГАРДИДАНИ САМТИ ТАРБИЯ

Санаи 8.05.2021, иштироки мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М. дар ҷаласаи падару модари донишҷӯёни курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ

Дар кори ҷаласаи мазкур муҳимтарин масъалаҳои бахши таълим, тарбия ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти ҷаласа роҳбарияти факултет масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ, донишгоҳ ва факултетро муаррифӣ намуда, падару модаронро даъват бар он намуданд, ки дар таълим ва тарбияи фарзанди худ бетарафӣ зоҳир накунанд, фарзандони худро аз шомил гардидан ба ҳар гуна равия ва созмонҳои ифротӣ ва ҷиноятпеша пешгирӣ намоянд ва талош дошта бошанд, ки фарзандонашон рӯ ба илм ва фарҳанг оваранд.

Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Саидов Ҳ.М. атрофи мақсади баргузории ҷаласа, мақсади қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», нақши ҷавонон дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, нақши Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устувор гардонидани тарбияи насли наврас ва дигар масъалаҳои мубрами самти тарбия суханронӣ намуда, аз падару модари донишҷӯён тақвияти ҳамкории онҳоро бо Раёсати донишгоҳ ва садорати факултет хоҳиш намуданд. Таъкид гардид, ки омили асосии устувор гардонидани тарбияи донишҷӯён ин мутассил ҷараён гирифтани ҳамкории падару модари донишҷӯён бо Раёсати донишгоҳ ва садорати факултет мебошад.

Чунин силсилаҷаласаҳо дар сатҳи дигар факултетҳо бо иштироки падару модари донишҷӯён баргузор шуда истодааст.

Вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯёни факултети кимиё