ДАР ДМТ КУРСИ ОМӮЗИШИИ “ЗАН – САРВАР” БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ БАРГУЗОР ШУД

18

Имрӯз (15.11.2025) бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан – сарвар” бо иштироки собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Рафиқа Мусоева баргузор гардид.

Собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Мусоева Рафиқа дар доираи вохӯрии мазкур вобаста ба масъалаҳои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумату давлат нисбат ба занон, нақши занон дар пешбурди ҷомеа, иштироки занон дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва таҷрибаи бойи худ, бо шунавандагони курс суҳбати самимӣ доир намуд.

Зикр намуд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлол дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии занон зиёд шуд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад.

Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор овард. Аз ин ҳуқуқ занон истифода бурда, дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маориф фаъолона ширкат меварзанд.

Дар ҷамъбаст шунавандагони курс ба собиқадори давлатӣ вобаста ба малакаи роҳбарӣ ва нозукиҳои пешбурди корҳои илмӣ дар баробари фаъолияти хизмати давлатӣ саволу ҷавоб намуданд.