Дарёфти бурсияҳо аз Донишгоҳи Ҳазар

1009

Ба таваҷҷуҳи муҳасилини донишгоҳ расонида мешавад, ки Донишгоҳи Ҳазар (Озорбойҷон) дар доираи ҳамкориҳои тарафайн бо ДМТ озмуни дарёфти бурсияҳоро барои донишҷўёни зинаҳои бакалавр ва хатмкунандагон барои солҳои хониши 2020 – 2021 эълон менамояд.

Барои ширкат дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

  • Дархост
  • Ариза барои стипендия
  • Аттестат (бакалавр) ва диплом (магистр)
  • Транскрипт
  • Асоснокии сафар
  • Резюме
  • Маълумотномаи тиббӣ
  • Нусхаи шиносномаи хориҷӣ
  • Сертификати забондонӣ (доштани сертификати TOEFL / IELTS муҳим нест)

Ҳуҷҷатҳо ба тариқи онлайн қабул карда мешаванд.

Мўҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 15-уми апрели 2020.

Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ва машварат, ба бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ муроҷиат намоянд.

Сомонаи расмии Донишгоҳи Хазар –  international.khazar.org.