ДАСТГИРИИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

279

Чихеле ки ба ҳамагон маълум аст, ҳар сол Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти сол Паёми хешро ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар самтҳои асосии сиёсати дохилии кишвар ироа мекунанд. Ин Паём дар соли ҷорӣ ба санаи 28.12.2023 рост омад. Барои Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи ин мардуми сарбаланд боз як соли бобарор буда метавонад.

Дар Паём ироа гардид, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад…

Мардуми шарафманди кишвар, ба вижа аҳли маориф ва илму адаб ин рӯзро бесаброна интизор шуда, онро бо як шавқу эҳтироми хоссае тамошо мекунанд. Пешвои муаззами миллат ин табақа – аҳли маорифро дар сиёсати дохилии хеш мақом ва ҷойгоҳи хоссае дода, доимо пуштибонӣ ва дастгири менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат дар масъалаи паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар диққати махсус дода шуд: …. дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъала ва мутобиқ намудани маорифи кишвар ба рӯҳияи давру замон нисбати ин соҳа бештар ғамхорӣ намуда, мекӯшанд, то системаи маорифи мо пешрафта бошад.

Дар солҳои истиқлоли миллии давлатӣ сохтан ва кушода ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ барои ҷавонони кишвар идома меёбад. Ин нишона аз хирадмандӣ, оқилӣ ва донишдӯсту фарҳангдӯст будани роҳбари кишвар дарак дода, аҳли маориф ва илму фарҳанг зери ин боли пуштибон далерона кору фаъолият мекунанд.

Муҳимтарин нуктаи дигари Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат дар соҳаи илму маориф ин аст, ки аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда мешаванд. Ин тамоми кормандонро водор месозад, ки бояд ҳамеша зери ин сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти маҳбуби кишвар фаъолият карда, сатҳу сифати дониши шогирдонро ҳамеша баланд бардошта, бо рангу рӯйи болида ва дилу нияти пок ин соҳаро пеш баранд.

Гарчанде дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари маҳбуби кишвар масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи меҳварӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт, аммо дар Паёми имсола нисбат ба ҳар масъалаи нозуки дигар рушди илм ва соҳаи маорифи миллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки “мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, гузаронидан ва зиёд кардани озмунҳо, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”. Ҳадаф аз гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ин асосан дарёфт кардани кадрҳои ҷавони донишманд дар тамоми соҳаҳо ба ҳисоб меравад.

….Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Баъд аз шунидан ва таҳлил кардани ин суханон инсоният дарк мекунад, ки ин табақаи аҳолиро Президенти кишвар ҳамеша ҳимоят карда зери назорати махсуси хеш қарор додааст. Ин аз миллатдӯст ва раиятпарварии роҳбари кишвар дарак медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки зимни ироаи Паём дар масалаи ҷавонони забондон ва мутахассисони ҷавон диққати махсус равона карда шуд. ….Зарур аст, ки дар ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар диққати аввалиндараҷа дода шавад. Яъне пас аз вориди чунин технологияҳои муосири замонавӣ дар онҳо кӣ кор карда метавонад?, албатта, танҳо мутахассиси ҷавони забондон ва кордону зираку сипоҳ. Аз ин лиҳоз бояд масъалаи донистани забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши онҳо дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба роҳ монда шавад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд.

Бояд дар хотир дорем, ки танҳо дар соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардидааст. Ин пешниҳоди Пешвои муаззами милат дар ЮНЕСКО нишона аз он аст, ки Пешвои миллатро тамоми аҳли сайёра дастгирӣ карда, ҳамчун Президенти ташабускор ва мардумӣ, дорои фарҳангу маданияти ғанӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда дар Паём муҳим арзёбӣ гардид.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо, Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Тибқи таҳлилҳои нишондодашуда Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол намудааст.

Тамоми мардуми кишвар бояд дарк кунанд, ки барои ба ин зина омада расидан заҳмату талош ва кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат асоси муваффакият гардидааст.

Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забондон намудани ҷавонони имрӯза дар тамоми зинаҳои таҳсилот омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриро зарур аст, ки нисбати масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус диханд.

….Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд. Зарур аст, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад.

Пешвои муаззами миллат ба кулли аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, ҳамаи онҳоро даъват менамоянд, ки минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Дар ҷамъбасти сухан Пешвои муаззами миллат хотирнишон менамоянд, ки ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд. Пешвои муаззами миллат изҳори сипоси хешро ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамлакат барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона иброз доштанд ва қайд ҳам карданд, ки дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд. Барои ҳарчи тезтар бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, ба ҳар як роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи кишвар дастуру супоришҳо доданд.

Президенти маҳбуби кишвар ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват намуданд, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.

Пешвои муаззами миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил доранд ва дар якҷоягӣ мо метавонем аз ин миллату давлат пуштибон бошем.

Назаров Тавакал Айниевич, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавии ДМТ