(Ҳисобот: Фаъолияти донишгоҳ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024)
Тавре иттилоъ додем,имрӯз дар донишгоҳ ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд ироа гардид, ки дар он ду масъала: омӯзиши нуктаҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи ректори донишгоҳ оид ба бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (2023) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Сафарзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии декани факултети фалсафа дотсент, Сафарализода Х.Қ.. ҳисоботи солани ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ректори донишгоҳ дар мавриди ҳар як бахши донишгоҳ, фаъолияти яксолаи устодону кормандони он ва зарфияти илмии донишгоҳ ба тафсил сухан ронд. Мавсуф соли 2023-ро дар маҷмӯъ барои ДМТ хуб арзёбӣ намуд. Зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки соли 2023 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол чандин чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла 32-юмин солгарди таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1165-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, 975-солагии Умари Хайём, 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ, 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, 75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ таҷлил гардиданд, ки саҳми ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар таҷлилу баргузории ин ҷашнвораҳои муҳимми давлатӣ назаррас мебошад.
Ҳамчунин, боиси сарфарозии ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳ аст, ки дар ин сол ду маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ташриф оварданд.
Ташрифи аввал ба 13 марти соли ҷорӣ рост меояд, ки зимни ташрифи мазкур бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин бино ҳамчун туҳфаи арзанда аз ҷониби Пешвои миллат дар доираи иҷрои “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ба ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ маҳсуб меёбад. Бинои нави замонавӣ аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар як баст роҳандозӣ гардида, дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво, аз ҷумла 10 синфхона барои синфҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба нақша гирфта шудаст.
Ташрифи дигари Пешвои муаззами миллат ба санаи 31 августи соли ҷорӣ рост омад, ки зимни ташрифи мазкур дар “Шаҳраки донишҷӯён”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маҷмааи варзиширо, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд. Маҷмааи варзишӣ бо маблағгузории Ҳукумати кишвар дар масоҳати 17 406 метри мураббаъ сохта шудааст. Ҳамчунин, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои бунёди Маркази саломатии “Шаҳраки донишҷӯён”, таваққуфгоҳи иборат аз 400 ҷойи мошин барои омӯзгорону кормандон ва бинои истиқоматӣ 12-ошёна барои омӯзгорону кормандони Донишгоҳ шинос шуданд.
Бояд гуфт ки, ҳар як ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ба ҳусни ин боргоҳи илму маърифат таровати наву тоза зам намуда, боиси устувор гардидани руҳияи омӯзгорону кормандон ҷиҳати боз ҳам самараноктар намудани фаъолият мегардад»- афзуд ректор Хушвахтзода Қ.Х..
Ректори донишгоҳ афзуд, ки яке аз дастовардҳои арзанда ва таърихии донишгоҳ дарсоли ҷорӣ дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби 12 ҷой, аз ҷумла 3 ҷойи 1-ум, 7 ҷойи 2-юм, 1 ҷойи 3-юм ва ниҳоят муҳимтар аз ҳама Шукрона Тоҳирӣ-донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардида, ҳайати Донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҳисоби ба даст овардони ҷойҳои ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ифтихори дигар ин аст, ки дар озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ширкати фаъол намуда, Шоҳҷоизаи озмуни мазкур насиби донишҷӯи курси 4-уми факултаи таърих Давлатзода Шоира гардид, ки ин ду комёбиро метавон муҳимтарин дастовард дар таърихи соҳибитиқлолии кишвар барои Донишгоҳ номид.
Дар баробари ин, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар даври хотимавии озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» ширкат варзида, бо гирифтани 10 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм) дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Дигар аз рӯйдоди муҳими соли сипаригашта ин баргузории Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки санаҳои 13-15.03.2023 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва миёни муассисаҳои олии ду кишвар даҳҳо шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуданд.
Маврид ба ёдоварии махсус, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд. Бо ин мақсад соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Донишгоҳ 10 ихтисоси муҳимму зарурӣ барои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, молия ва қарз, муносибатҳои байналхалқӣ, ва ҳуқуқшиносиро аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронида, ҳар як ихтисос аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) ба муҳлатҳои муайян бо сертификати байналмилалӣ ба муҳлатҳои гуногун сарфароз гардонида шуданд.
Дигар аз чорабиние, ки соли ҷорӣ анҷом дода шуд, тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои давлатӣбаъди аз таъмири пурраи капиталӣ баровардан ва азнавсозӣ ба хонаҳои истиқоматӣ табдил додану ба 39 нафар омӯзгорону кормандони ҷавони Донишгоҳ додани ин хонаҳои хизматӣ буд. Тавассути дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки ба ҳамин теъдод, яъне маҷмуан 80 адад дар ду сол хонаҳои хизматӣ ба омӯзгорони ҷавон, ки воқеан ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷманд буданд супурда мешавад, ки ин иқдоми наҷиби раёсати Донишгоҳ аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо кард.
Дар робита ба ҳисоботи Ректори донишгоҳ профессори кафдраи химияи органикии факултети химия Бобизода Ғ.М. ва профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ З. Искандаров фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, ҳисоботи роҳбарияти донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, мемонон дар робита ба самтҳои муҳталифи фаъолияти донишгоҳ суханронӣ намуда, дар иҷрои сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат тавсияҳои судманд доданд.
Дар интиҳо Ректори донишгоҳ бо арзи сипос ва миннатдорӣ ба меҳмонон, ба кулли устодон ва кормандони ДМТ дар соли 2024 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуда, иброз доштанд, ки “раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат бештару беҳтар саҳмгузор бошанд”.