ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

359

Имрӯз (23.07.2024) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар оғоз ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2024 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «Дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо руҳу илҳоми тоза фаъолият намуда, дар самтҳои мухталиф корҳои назаррасро ба сомон расониданд”. Дар идомаи суҳбат ректори Донишгоҳ ва намояндагони сохторҳои марбута доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии Донишгоҳ суханронӣ намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки барои ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нимсолаи аввали соли 2024 марҳилаи хотирмон ба ҳисоб рафта, дар ин давра Донишгоҳ ба дастовардҳои муассир дар ҳама самтҳо ноил гардид. Рушду пешрафти самтҳои фаъолияти Донишгоҳ аз татбиқи муназзам ва ҳадафмандонаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат маншаъ мегирад.

Таъкид гардид, ки фаъолияти босамар ва натиҷабахши устодону кормандон ва муҳаққиқони ин боргоҳи илму маърифат буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30-юми майи соли 2024 бавижа чунин қайд намуданд: “устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд”.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки муҳимтарин дастоварди ин давра қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20-уми июни соли 2024 мебошад. Қонуни мазкур минбаъд дар рушду пешрафти Донишгоҳ, тақвияту ташаккули самтҳои таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молиявию хоҷагидории Донишгоҳ, ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани стандарт ва нақшаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва саҳми бориз гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Таъмини шароити мусоиди зиндагии кормандони соҳаи илму маорифи кишвар зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола андозаи музди меҳнати онҳо баланд бардошта мешавад. Ин аст, ки соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 40% баланд гардид. Дар пайравӣ бо ин иқдом шуруъ аз 1-уми июли соли 2024 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ музди маоши устодону кормандон дар ҳаҷми 10% аз ҳисоби маблағҳои махсус зиёд карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифи кишвар дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала зимни мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд. Дар партави ин таъкидҳо, раёсати Донишгоҳ бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешид, ки он бо мақсади сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ва қадршиносии маҳсули заҳмати илмии олимон мебошад. Дар ин самт, бо қарори Шурои олимон барои омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ, ки дар соли 2024 рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос Ph.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, мувофиқан 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар идомаи нишаст ректори Донишгоҳ ва рӯзноманигорон доир ба низоми таҳсилоти кредитӣ, ба хобгоҳ таъмин намудани устодону кормандон, таъсиси ихтисосҳои нав, ҳамкориҳои ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ, инчунин, татбиқи корҳои анҷомёфта дар робита ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар охир ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бори дигар ҳузури рӯзноманигоронро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, хусусан навгониҳои Донишгоҳи миллӣ муҳим мебошад.