ДАСТОВАРДҲОИ ФАРҲАНГИИ АНСАМБЛИ «НАВРӮЗ»-И ДОНИШГОҲ

171

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби донишҷӯёни ҳаваскор ба чорабиниҳои фарҳангии Донишгоҳ ва ҷумҳурӣ, омӯзиши асбобҳои мусиқии миллию аврупоӣ ба донишҷӯён, тарбияи завқи мусиқидӯстӣ дар вуҷуди муҳасилини Донишгоҳ соли 1965 Ансамбли халқии «Наврӯз» таъсис дода шудааст. Имрӯзҳо аъзоёни Ансамбли мазкур дар чорабиниҳои гуногун иштироки фаъол менамоянд.

Инак, бо дастгирии раёсати Донишгоҳ бо роҳбари Ҳусейн Шарифов – роҳбари мусиқии Ансамбл дастовардҳои фарҳангӣ – се китоб дар самти мусиқишиносӣ рӯйи чоп омаданд, ки ин дар фаъолияти Ансамбл бори аввал мебошад.

Китоби аввал бо унвони “Рози созҳо” ба чоп расидааст, ки китоби мазкур аз 4 овоз иборат буда, дар таърихи мусиқии касбӣ ноёб мебошад.

Китоби дуюм “Рози мутриб” ном дорад. Дар он 20 мусиқии аз муаллиф Ҳусейн Шарифов ва дигар эҷодкорони кишвар, ки муаллиф онҳоро корбаст намудааст, ҷамоварӣ шудааст.

Китоби сеюм “Навои дил” ном дорад, ки дар он 24 мусиқӣ ба адвор гирифта шуда, рӯи чоп омада шудааст.

Умед аст, ки китобҳо қобили таваҷҷуҳи масъулини муассисаҳои соҳа мегардад ва барои рушду нумуи мусиқии касбӣ хизмат менамояд.

Дастовардҳо муборак!