ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШӢ

188

Дирӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини ҷудо ва бозиҳои шашкаву шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини ҷудо донишҷӯи курси 2- юми факултети ҳуқуқшиносӣ Ғаниев Мусохон дар вазни 90 кг ва донишҷӯи курси 3- юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Икромзода Баракатулло дар вазни 73 кг сазовори ҶОЙИ АВВАЛ, ҳамзамон, Қуқаншоев Абдулло – донишҷӯи курси 2-юми факутети иқтисод ва идора дар вазни 60 кг сазовори ҶОЙИ ДУЮМ гардиданд.

Инчунин, чанде пеш мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи озод ва гӯштини юнону румӣ баргузор гардид, ки дар мусобиқаи мазкур донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ, ихтисоси дандонпизишк Ҷӯраев Анвар аз намуди гӯштини юнону румӣ дар вазни 72 кг сазовори ҶОЙИ АВВАЛ гардид.

Ёдрас мешавем, ки мурабии дастаи варзишгарон ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ Холиқов Далер мебошад.

Ғолибият муборак!