ДАСТОВАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ УСТОДОНИ ДМТ

316

Тавре маълумот дода будем, устодони кафедраи химияи татбиқии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёрмамадова С.Г. ва Давлатмамадова М.М. дар 13-умин Форуми байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон дар давлати Кувайт қарор доштанд. Форуми мазкур дар байни 65 давлати дунё тариқи ҳузурӣ дар бахшҳои гуногуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ давоми 3 рӯз сурат гирифт. Баъд аз натиҷагирии ҳайати ҳакамон ихтироотҳои устодони Донишгоҳ сазовори ҷойҳои дуюм (Ёрмамадова С.Г. – соҳиби медали нуқра) ва сеюм (Давлатмамадова М.М.- соҳиби медали биринҷӣ) гардиданд.

Форуми мазкур мавқеи баланди илмӣ дошта, дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои илмию инноватсионии ба талаботи меъёрҳои илми ҷаҳонӣ ҷавобгӯро эътироф ва қадрдонӣ менамояд.

Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бори аввал намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт ҷиҳати иштирок дар ҷараёни Форуми мазкур ширкат варзиданд.

Таъкид менамоем, ки имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ғолибони форуми мазкур – Ёрмамадова С.Г.-н.и.х., дотсент, иштирокчии 4 озмуни байналмилалӣ, дорандаи Шоҳҷоиза, медали тилло ва нуқраи Форуми байналмилаии занҳои ихтирокори ҷаҳон ва Давлатмамадова М.М., н.и.х., муаллими калон, иштирокчии 4 озмуни байналмилалӣ, дорандаи 2 медали тилло ва 2 медали нуқраи Форуми байналмилаии занҳои ихтирокори ҷаҳонро барои дастоварди баланди илмию эҷодияшон табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд.

Дастоварди байналмилалӣ муборак!