ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАСИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ XIV ИҚТИСОДИИ ҶАВОНОНИ АВРУОСИЁ

385

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Раёсат таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дар ин самт тадбирҳои тозаеро давра ба давра рӯйи даст гирифтааст. Ҳамин аст, ки имрӯз робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ дар ҳолати рушд қарор дошта, натиҷаи чунин ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар аст, ки устодону донишҷӯёни Донишгоҳ барои иштирок дар озмуну чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷалб карда мешаванд.

Аз 22 то 26 апрели соли 2024 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Форуми XIV иқтисодии ҷавонони АвруОсиё баргузор гардид, ки дар он дастаи олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуд.

Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз 114 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд, ки ин нишондиҳандаи бесобиқа дар тамоми таърихи баргузории Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки дар даври ниҳоӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро даста иборат аз 5 нафар дар номиннатсияҳои зерини Озмун муаррифӣ карданд:

-Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-Челленҷ дар сабки “Тик-ток”

“Қаҳрамони замони мо”;

-Шаҳр: “Оpen the future”

-Амнияти иқтисодӣ аз нигоҳи ҷавонон: “Таҷрибаи ҷаҳонӣ, Русия, ҳуқуқ ва тиҷорат”.

Дар даври ниҳоии Форум 5 нафар аъзоёни дастаи олимпии Донишгоҳ дар шакли ҳузурӣ ширкат варзида, ҳамагӣ сазовори медалҳои тиллоии Форум гардиданд.

Инчунин, 10 нафар донишҷӯ лоиҳаҳои худро дар шакли маҷозӣ муаррифӣ намуданд, ки аз ин шумора 5 нафар сазовори медалҳои нуқрагӣ ва 5 нафар сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.

БАРГУЗОРИИ ФОРУМ ДАР РАҚАМҲО

-зиёда 17000 нафар иштирокчӣ;

-114 давлат;

-11 саҳна;

-зиёда аз 50 донишгоҳҳои олии мамлакатҳои хориҷа.

ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮЁНИ МО:

– 16 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла:

– 5 медали тилло;

– 5 медали нуқра;

– 5 медали биринҷӣ;

– 1 “Беҳтарин тадқиқоти илмӣ”

Муваффақият, муборак бошад!

Синавбарова Хайрибегим.