ДАСТУРҲО ҶИҲАТИ ГУСТАРИШИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ ВА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ

5

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои вохӯриву мулоқотҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону кормандони воҳидҳои сохторӣ мулоқоти навбатии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо устодону кормандони факултетҳои механикаю математика, химия, биология, геология, фарматсевтӣ ва факултети муштараки ДМТ бо МТОК Белорус баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони бахшҳои марбута низ ҳузур доштанд. Профессор Насриддинзода Эмомалӣ зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки вохӯриҳои даврӣ на танҳо воситаи муҳими таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти таълимӣ ва илмӣ мебошанд, балки барои таҳкими фазои ҳамфикриву ҳамкорӣ дар муҳити Донишгоҳ заминаи устувор мегузоранд.

Ректори Донишгоҳ зикр намуданд, ки дар шароити муосир сифати таҳсилот, сатҳи дониши донишҷӯён ва маҳорати педагогии устодон бояд мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир ва бозори меҳнат бошад. Аз ин рӯ, масъулини факултетҳо вазифадоранд, ки ба ҷараёни таълим, татбиқи усулҳои инноватсионии омӯзиш, таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар идомаи мулоқот ректори Донишгоҳ иброз доштанд, ки фаъолияти илмӣ ва тадқиқотӣ яке аз рукнҳои асосии Донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Аз устодон тақозо карда шуд, ки корҳои илмиро бо талаботи замони муосир мувофиқ намуда, ҷалби ҷавонон ба пажуҳишҳои илмӣ, ташкили семинарҳо ва конфронсҳои илмӣ бо иштироки олимони хориҷӣ, инчунин сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ба роҳ монда шавад.

Зимнан, таъкид гардид, ки тавсеаи равобити байналмилалӣ дар самти илм ва таҳсилот барои боло бурдани сатҳи маърифатии устодону донишҷӯён ва шинос намудани онҳо бо дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ аҳаммияти бузург дорад. Дар ин раванд омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ як ҷузъи муҳимми фаъолияти ҳар як факултет арзёбӣ гардид.

Ректори Донишгоҳ дар идома ба татбиқи амалӣ ва муассири ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020-2040)”, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Таъкид намуданд, ки ҳар як устод бояд дар худ ва донишҷӯён зиндадилӣ, шавқ ва ангезаи илмҷӯӣ дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро тақвият бахшад.

Дар ин замина, рушди неруи зеҳнии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи саводнокии илмии онҳо, омӯзиши усулҳои муосири тадқиқот ва истифодаи технологияҳои рақамӣ ҳамчун самтҳои асосии сиёсати таълимии Донишгоҳ номбар гардиданд.

Дар зимн, Исмоил Шарифзода – сардори Раёсати таълим ва Бурҳоналӣ Шерзода – мудири шуъбаи ҳуқуқ, дар бораи самтҳои гуногуни фаъолияти факултетҳо, аз ҷумла ҷараёни корҳои таълимӣ ва иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ, суханронӣ намуда, тавсияҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани раванди таҳсил ва иҷрои барномаҳои давлатӣ пешниҳод карданд.

Дар анҷоми мулоқот, ректори Донишгоҳ таъкид карданд, ки рушду пешрафт, сатҳи баланди масъулият, ҳамфикрии созанда ва садоқат ба касб бояд меъёри доимии фаъолияти Донишгоҳ бошад.