Имрӯз (12.10.2023) дар доираи силсилавохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрии навбатӣ бо коллективи устодони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони кафедраҳои умумидонишгоҳии фалсафа, забони англисӣ, тарбияи ҷисмонӣ, педагогика, назарияи иқтисодӣ, забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ масъалаҳои гуногуни фаъолияти кафедраҳоро мавриди таҳлил қарор дод.
Зимнан таъкид шуд, ки фаъолияти баъзе аз устодону кормандони кафедраҳо ба талаботи имрӯзаи донишгоҳ ҷавобгӯ нест. Яъне навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, ҳимояи саривақтии рисолаҳои номзадию докторӣ ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи гуногун кам ба назар мерасанд.
Ректори донишгоҳ аз бетарафи зоҳир намудани баъзе устодон дар пешбурди корҳои илмию эҷодӣ ва таълимию тарбиявӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои беҳтар гардидани фазои илмию таълимӣ ва эҷодии кафедраҳо дастурҳои мушаххас дод.
Ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, нишон додани ташаббусҳо дар самти корҳои тарбиявию маърифатӣ тавассути чорабиниҳои тарғиботию маърифатӣ, муаррифии самтҳои мухталифи илм дар дохил ва хориҷи кишвар, анҷом додани пажӯҳишҳои тоза вобаста ба иқдомҳои нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, саҳм назаррас гузоштан дар татбиқи нақшачорабиниҳои гуногуни донишгоҳӣ аз ҷумлаи пешниҳодҳо буданд, ки ба ҳайати устодону кормандони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дода шуданд.
Гуфта мешавад, ки фаъолияти кафедраҳои умумидонишгоҳӣ аз пештара бештар назорат карда шуда, натиҷагириҳо мунтазам бароҳ монда мешаванд.